Дар Бритониё интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мешавад

Вакилони порлумони Бритониё ҷонибдорӣ карданд, ки 12 декабри соли равон дар ин кишвар интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шавад.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонуни интихоботи пеш аз муҳлат 438 вакили порлумони Бритониё - ҳам намояндагони Ҳизби ҳокими муҳофизакор ва ҳам Ҳизби мухолифи коргар раъй доданд. Лоиҳаро бояд Палатаи лордҳо низ ба тасвиб расонад ва интизор меравад, он зид нахоҳад баромад.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон интихоботи пеш аз муҳлатро ягона роҳи бурунрафт аз бунбасте медонад, ки дар робита ба ихроҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо ба миён омадааст.

Талошҳои пешини Ҷонсон барои пароканда эълом кардани порлумон раъйи заруриро касб накарданд. Сарвазири Бритониё рӯзи сешанбе бори дигар лоиҳаи қонуни интихоботи пеш аз муҳлатро дар 12 декабр пешниҳод кард. Раҳбари Ҳизби мухолифи коргар Ҷеремӣ Корбин ғайриинтизор ба интихоботи пеш аз муҳлат розӣ шуд.

Иттиҳоди Аврупо ахиран розӣ шуд, ки санаи бурунрафти Бритониё аз 31 октябри соли равон ба 31 январи соли 2020 ба таъхир гузошта шавад. Ҷонсон мегӯяд, дар ин муҳлат бояд порлумони навро интихоб кард ва дар сурати пирӯзии муҳофизакорон созишномаи бурунрафти Бритониё аз иттиҳод ба тасвиб хоҳад расид.