Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон 14 ноябр маълум мешавад

Ҳаво Алам Нуристонӣ

Масъулони Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтанд, ки натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии он кишвар рӯзи 14-уми ноябр эълон хоҳад шуд.

Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28-уми сентябри имсол баргузор шуд ва қарор буд натиҷаҳои аввал 19-уми октябр маълум шавад.

Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси Кумисюни мустақили интихобот, рӯзи 27-уми октябр ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, “интихобот мавзӯи таъйинкунандаи сарнавишт аст” ва онҳо наметавонанд “шаффофиятро қурбони суръат” кунанд. Вай қаблан гуфта буд, ки ба сабаби баъзе аз мушкилоти фаннӣ ва таъмини шаффофият онҳо натавонистаанд, натиҷаҳои пешакиро саривақт эълон кунанд.

Президенти кунунӣ Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз номзадҳои пештоз дар интихобот ҳастанд. Ҳарду иддаои пирӯзӣ кардаанд ва якдигарро ба дуздии раъйи мардум муттаҳам медонанд.

Агар ҳеч кадом аз номзадҳо беш аз панҷоҳ дарсади раъйи мардумро ба даст наорад, даври дувуми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Дар интихоботи гузашта низ Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ иддаои пирӯзӣ карданд ва танҳо пас аз моҳҳо баҳс бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ қудратро байни ҳам тақсим намуданд.