Тағйири иқлим ва ё наздик шудани "қиёмат" дар Тоҷикистон?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид. Ин на порча аз сенарияи филми тарснок, балки баргирифта аз барномаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро дар ояндаи наздики кишвар тасвир мекунад. Чизе, ки одати бисёриҳоро ба барномаҳои умедворкунанда ва хушбинонаи ҳукумат хоҳад шикаст.