"Роскомнадзор" маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона"-ро, ки аз 1 октябр дар ҳудуди Русия масдуд шуда буд, бекор кард.
Мудири кулли "Фарғона" Даниил Кислов рӯзи сешанбе гуфт, онҳо бо кумаки ҳуқуқшиносон ва ҳаракати "Роскомсвобода" тавонистанд муайян кунанд, ки ба дастнорас шудани сомонаи хабаргузорӣ дар Русия матлаби худкушии як зани нафақахӯр дар Қирғизистон сабаб шудааст.
Сармуҳаррири хабаргузорӣ Мария Дубнова иттилоъ дод, ки онҳо матлаби мазкурро аз сомона пок ва "Роскомнадзор"-ро огаҳ карданд. Ба гуфтаи Дубнова, "Роскомнадзор" дар аввал нагуфт, ки аз нашри кадом матлаб норозӣ ҳаст ва бе огоҳӣ дастрасӣ ба сомонаро маҳдуд кард.
Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.