Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар Арис чаҳор низомӣ маҷруҳ шуд

Чаҳор низомии шартномавӣ дар як ҳодиса дар шаҳри Ариси Қазоқистон маҷруҳ шуданд.

Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми тоза кардани ҳудуди анборҳо аз боқимондаҳои аслиҳа таркиш ё дарзи маводи тарканда рух дод, ки чаҳор низомӣ маҷруҳ шуд. Онҳоро ба бемористони низомии шаҳри Алмаато интиқол додаанд.

"Баъди тоза кардани ҳудуди шаҳр ва атрофи анборҳои нигаҳдории аслиҳа қисмати бештари маводи тарканда ҷамъоварӣ шуда, барои сокинони шаҳр хатаре боқӣ намондааст. Дар ҳамин ҳол, тоза кардани дохили қисми низомӣ аз боқимондаҳои маводи тарканда ва муҳимоти ҷангӣ вақт талаб мекунад", - омадааст дар хабари вазорат.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон сокинонро ба ҷои амн интиқол дода буданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.