Дар ҳоле, ки президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев барои як сафари дурӯза ба Пекин омодагӣ мебинад, даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри ҷанубуғарбии Жанаозен рӯзи ҳафтум аст, ки зидди сармоягузориҳои чинӣ ва тарҳҳои саноатӣ эътироз мекунанд.
Эътирозгарон рӯзи 9 сентябр дар маркази шаҳри Жанаозен ҷамъ омада, аз ҳукумат талаб карданд, ки ба гуфтаашон, “тавсеаи Чин”-ро аз роҳи бунёди корхонаву дигар тарҳҳо дар хоки Қазоқистони ғанӣ аз нафт хотима диҳанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки сармоягузорӣ ба кишвар тавассути ҳамкориҳо бо Аврупо, Ҷопон ва ИМА афзоиш дода шавад. Ба гуфтаи эътирозгарон, ин кишварҳо мисли Чин дар фикри “ба Қазоқистон овардани ҳазорҳо ҳамватанонашон нестанд”.
Рӯзҳои охир фаъолон дар пойтахт - шаҳри Нурсултон, бузургтарин шаҳри кишвар - Алмати ва чандин шаҳру манотиқи дигар ба нишони ҳамраъйӣ бо сокинони Жанаозен, ки аз 2 сентябр ба ин тараф раҳпаймоӣ мекунанд, ба хиёбонҳо баромадааст.
Рӯҳияи зиддичинӣ дар Қазоқистон баъди он боло гирифт, ки фаъолон аз тақдири риққатбори аққалиятҳои миллии мусалмон дар минтақаи Шинҷони Чин, аз ҷумла қазоқҳо изҳори нигаронӣ карданд. Соли гузашта СММ гуфт, ки тахминан 1 миллион аҳолии уйғуртабори Чин ва дигар қавмҳои туркзабони бумии ин кишвар ба “марказҳои зиддиэкстремистӣ” ворид карда шуданд. Мухолифон мегӯянд, ки ин маконҳо дар асл қароргоҳҳои тарбиявӣ мебошанд, ки дар он ҷо мутобиқ ба идеологияи ҳукуматии Чин таҳти фишор қарор дода мешаванд.
Вале мақомот дар Қазоқистон гуфтаанд, ки нақшаҳои бунёди 55 корхонаи саноатӣ бо маблағгузории Чинро идома медиҳанд.