Гуруҳи Толибон, ки ба созиши сулҳ ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон мувофиқат кардааст, масъулияти бомбгузориеро бар дӯш гирифт, ки дар Кобул 6 нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кард.
Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, таркиш рӯзи 2-юми сентябр дар наздикии як бинои бузурги Кобул ба вуқуъ пайваст, ки дар онҷо созмонҳои хориҷӣ ва муассисаҳои имдодӣ ҷой гирифтаанд.
Дар натиҷаи бомбгузорӣ 119 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамла дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар Кобул бо мақомоти Афғонистон тарҳи созиши сулҳ бо Толибонро баррасӣ мекард.
Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки Толибон “дар усул” розӣ шудаанд, ки иҷоза намедиҳанд, ки ҳар минтақаеро, ки онҳо дар Афғонистон зери назорат хоҳанд, дошт, террористон барои тарҳрезии ҳамлаҳо ба зидди Амрикову ва муттаҳидонаш истифода баранд. Залмай Халилзод ҳамчунин гуфт, ки Амрико ва музокиракунандагони Толибон мувофиқат кардаанд, ки теъдоди сарбозони кишварҳои ғарбиро ба тадриҷ дар Афғонистон коҳиш дода ва “берун баранд.”
Ба қавли Залмай Халилзод, ин кор бо назардошти авзоъ дар маҳалл сурат мегирад. Айни замон ба гуфтаи Залмай Халилзод, созише, ки баъди нӯҳ даври музокирот бо Толибон дар Қатар ҳосил шуд, бе ризоияти раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ниҳоӣ намешавад.