Муҳокимаи додгоҳии марде, ки ба худкушӣ расонидани ягона келинаш айбдор мешавад, дар додгоҳи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз ёфтааст. Эмом Забирови 64-сола аз деҳаи Зарнисор ба худкушии Гулбаҳор Фаромарзоваи 18-сола гумонбар аст. Раҷабзода Шоҳрух, додситони ноҳияи Ҷайҳун дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 7-уми август дар додгоҳи ноҳия оғоз ёфт.
Гулбаҳор Фаромарзоваро рӯзи 15-и апрел дар анбори хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд ва дар маҳаллаҳои атрофу сару садо бархост, ки чаро як арӯси 18-сола бо гузашти муддати кӯтоҳе аз арӯсӣ худро куштааст. Мақомот баъди боздошти Эмом Забиров дар моҳи июли имсол гуфтанд, ки “Озори зиёд, таҳқири мунтазам ва паст задани шаъну шараф сабаб шудааст” келини ҷавон, ки шавҳараш дар Русия буд, худкушӣ кунад. Аммо хонаводаи шавҳар мегуфтанд, ки бо ӯ рафтор ва ё муносибати бад надоштанд.
Эмомалӣ Фаромарзов, амаки Гулбаҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародарзодааш ҳамеша аз “зулми хусур шикоят мекард”, вале волидон тавсия медоданд, ки барои аз ҳам напошидани оила ба хонаи шавҳараш баргардад. Дар Тоҷикистон барои ба худкушӣ расонидани инсон аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, зӯроварӣ ва ҷабру зулм ба зан як сабаби аслии худкушии онҳо аст.