Панҷ ҳизб ба порлумони Украина роҳ ёфтанд

Комисияи марказии интихоботии Украина натиҷаи ниҳоии шумориши баргаҳои раъйро эълом кард.

Панҷ ҳизб ба порлумони Украина роҳ ёфтанд:

"Хизматгори мардум" – 43,16%;

"Платформаи мухолифин – барои ҳаёт" – 13,05%;

"Баткившина" – 8,18%;

"Ҳамгироии аврупоӣ" – 8,10%;

"Садо" – 5,82%.

Ин интихобот аз рӯи низоми омехта баргузор шуд: нисфе аз 450 вакил аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ ва нисфи дигар аз ҳисоби ҳавзаҳои якмандатӣ интихобот шуданд. Аз 22 ҳизби сиёсӣ бештар аз 2,5 ҳазор номзад довталаби курсии порлумонӣ буданд.