Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯзи 24 июн вориди Арабистони Саудӣ шуда бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дидор кард. Ӯ бо ҳадафи сӯҳбат бо мақомоти Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб - ду ҳампаймони сунниаш дар Халиҷи Форс ба минтақа сафар карда, дар остонаи парвоз гуфт, ки мехоҳад дар қиболи Эрон “як эътилофи ҷаҳонӣ” эҷод кунад. Помпео рӯзи 23 июн пеш аз тарки Вашингтон ба рӯзноманигорон гуфт: “Мо бо онҳо дар барои он гуфтугӯ хоҳем кард, ки чӣ тавр аз назари стратегӣ метавонем муттаҳид бошем ва ин ки чӣ тавр як эътилофи ҷаҳонӣ эҷод кунем, ки на танҳо дар саросари кишварҳои Халиҷ, балки дар Осиё ва Аврупо ҳам омодаи фишор бар зидди кишвари азимтарини пуштибони террор бошад” .
Помпео ҳамчунин ба пешниҳоди президент Трамп ҳавомоз шуд, ки гуфтааст, Вашингтон омодаи музокироти бидуни пешшарт бо Эрон аст, то ки мизони таниш дар миёни ду кишвар коҳиш дода шавад.
Баъди тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон кардани ИМА дар моҳи маи соли 2018, Вашингтон дар нисбати Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Трамп мехоҳад Эронро водор кунад, ки аз нав дар бораи созишномаи ҳастаӣ музокира кунад, чун ӯ мегӯяд, ки шартҳои созишнома ба андозаи даркорӣ сахт нестанд, то пеши роҳи Эронро аз эҷоди силоҳҳои ҳастаӣ ва баллистикӣ бигирад. Вашингтон Теҳронро дар фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна муттаҳам мекунад, вале Теҳрон ин ҳамаро ҳамеша рад кардааст.