Баҳси дигари бокирагӣ: Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам. ВИДЕО

Идимоҳ Шерова

Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара, “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст.

Шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб иддао дорад, ки вай нодухтар буд ва “дар навори видеоӣ ба гуноҳи худ иқрор кард”. Вале Идимоҳ Шерова мегӯяд, шавҳараш бо латту кӯби зиёд ӯро маҷбур кард, дар назди камераи телефон иқрор кунад, ки бокира набуд.

"Аз тарс ва барои то субҳ зинда мондан ҳар амрашро иҷро кардам. Гуфт, ки ту нодухтарӣ ва дар рӯ ба рӯи наворгир ҳамин гапро гӯй. Аввал розӣ нашудам. Бо банди чодар ду дафъа хост, ба дор кашад. Баъдан аз тарс гапҳои гуфтаашро такрор кардам. Гуфтам, ки бо писари ҳамсоя дар 8-солагӣ хоб кардам” - гуфт ӯ рӯзи 13-уми июн.

Идимоҳ Шерова афзуд, рӯзгори сахти ӯ ҳам пас аз ин оғоз шуд. Навори нимаурён ва “худиқрорӣ”-и Идимоҳ, ки ба гуфтаи ӯ шаби аввали арӯсӣ ва аз тарафи шавҳараш маҷбурӣ сабт шуда буд, дар деҳа, миёну хешовандону ҳамсояҳо ва ҳатто дар телефонҳои хонандагони мактаб паҳн шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наварӯси ноком хост, шавҳараш барои бадном кардани ӯ ҷавоб диҳад

Додгоҳ далели бадномиро наёфт

Идимоҳ барои чунин рафтори шавҳар ба Додгоҳи ноҳияи Данғара шикоят кард ва 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намуд. Додгоҳ даъвои ӯро рад кард, чун ба қавли додрас, далели бадномӣ ва паст задани шаъну эътибори ӯро наёфтаанд.

Духтарон дар Тоҷикистон пеш аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Идимоҳ Шерова мегӯяд, пеш аз издивоҷ ва баъди он чаҳор дафъа аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ гузашт, вале шавҳараш натиҷаҳои онро қабул надорад.

Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар маркази ноҳияи Данғара мушаххас кардааст, ки Идимоҳ бокира аст. Се ташхиси дигар дар Бохтар ва Душанбе сурат гирифта ва ба қавли мардум покдоманиашро собит кардааст.

Дар нусхаи ду хулосаи тиббие, ки Идимоҳ Шерова дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, гуфта шудааст: “Пардаи бакорати Шерова И. дар рӯзи 16.04.2019 бутун мебошад.”

Баҳси покдомании Идимоҳ дар Додгоҳи ноҳияи Данғара низ идома кард, аммо додгоҳ гуфтааст, ки "собит нашуд, ки шавҳар обрӯи Идимоҳро паст зада бошад."

Ҳоло ӯ мехоҳад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад ва собит кунад, ки пеш аз издивоҷ бо касе ҳамхоба нашудааст. Вай барои кӯмак ба ҳуқуқшинос Матлуба Бобоҷонова муроҷиат кардааст.

Иддаои домод

Бобоҷонова мегӯяд, “дар ин қазия дар воқеъ ҳолатҳои паст задани шаъну шарафи духтар дида мешавад”, аммо ба далели надоштани вакил дар додгоҳ натавонистааст инро исбот кунад. Идимоҳ бо шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб қабл аз издивоҷ танҳо як дафъа вохӯрдааст.

Фирӯзи Муҳаммадраҷаб, шавҳари собиқи Идимоҳ, рӯзи 13-уми июн дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ҳамаи иддаои Идимоҳро рад кард. Ӯ гуфт, дар воқеъ, иқрори Идимоҳро дар телефон сабт кард, вале на бо тани урён. Наворро чун далел ба додгоҳ пешниҳод кардааст, аммо паҳн кардани онро дар телефонҳои дигар рад мекунад.

Фирӯзи Муҳаммадраҷаб гуфт: “Пардаи бакораташ ёзандаи тағйирнаёбанда будааст. Дар вақти робитаи ҷинсӣ бе вайроншавӣ имконият медиҳад. Дар сабт ҳам худаш тасдиқ кардааст. Гуфтааст, ки ман ҳамроҳи як бача ҳамхоба шудаам.”

Идимоҳ мегӯяд, ҳамаро аз тарси мушту лагад ба забон овард ва ба муборизааш идома хоҳад дод. Раиси Кумитаи занон ва оила ҳам ба ӯ ваъдаи кумак кардааст. Идимоҳ мехоҳад, ҳақ ба ҳақдор расад. “Ҳар вақте одамонро мебинам, ки сӯҳбат карда механданд, фикр мекунам ба ҳоли ман механданд. Дигар чӣ кор кардану куҷо рафтанро намедонам. Тавре зиндагӣ дорам, ки фикр мекунам, фақат дилам кор мекунаду нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам. Мехоҳам мардум бидонад, дар ҳаққи ман тӯҳмат аст”, -- гуфт ӯ.

Беш аз 570 нафар аз ташхиси бакорат гузаштаанд

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Идимоҳ Шерова

Тибқи омори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар соли гузашта беш аз 570 нафар барои ташхиси бакорат муроҷиат кардаанд, ки беш аз 60 дарсади ташхиси бакорат пас аз тӯй ва сар задани баҳсҳо сурат гирифтанд.

Ба қавли мақомот, дар аксар ҳолат духтароне, ки ба нодухтарӣ муттаҳам мешаванд, бегуноҳ мебароянд, вале дар баҳсҳои додгоҳӣ пирӯз намешаванд. Баҳси пурсару садои Мастонаи Асои 21-сола ҳам барои исботи бокирагӣ ва муҷозоти шавҳари собиқаш яке аз намунаҳост, ки беш аз як сол идома кард, аммо натиҷа надод.

Дар бархе ҳолат баҳси бокирагӣ, чун қазияи Раҷабии Хуршед, арӯси 18-сола аз Восеъ, бо худкушӣ ва марги арӯсони бадномшуда анҷом меёбад.

ЭЗОҲ: ЛУТФАН БА РАДИОИ ОЗОДӢ БАРОИ ШУМОРАИ ТЕЛЕФОН ВА Ё НИШОНИИ ИДИМОҲ ВА ХОНАВОДАИ Ӯ МУРОҶИАТ НАКУНЕД. МО ҲАҚ НАДОРЕМ БА ШУМО ИН МАЪЛУМОТРО БИДИҲЕМ.