Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард. Рӯзи чаҳоршанбеи 22-уми май тайи маросиме, ки дар сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор шуд, масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ин "тӯҳфаи рамазонӣ"-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд.
Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон, ба Тоҷикистон оварда шуд. "Кӯмакҳои Арабистони Саудӣ бо хурмо маҳдуд намешавад, тавре медонед, дигар лоиҳаҳое ҳастанд, ки Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон амалӣ менамояд ва дар оянда ҳам кӯмак хоҳад кард",-гуфт сафири Арабистони Саудӣ.
Зимни қабули ин кӯмаки ҳукумати Арабистони Саудӣ, масъулони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки он миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулони тоҷик, ин барои бори савум аст, ки Арабистони Саудӣ дар шакли ғизо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Масъулони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон гуфтанд, имсол беш аз 10 ҳазор сабади ғизо иборат аз орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки он тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардид.
Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи ду кишвари арабӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро дорад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ин кишвари нафтхези арабӣ равобити ҳасана дорад. Ин дар ҳоле аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрони ҳамзабон тайи се соли ахир ба печидагиҳо рӯбарӯ буд ва ҳоло дар ин равобит беҳбуде ба мушоҳида мерасад.
Мақомоти эронӣ дар чандин муносибат дар бад шудани муносибатҳои ду кишвар, "бархе аз тарафҳои севум"-ро айбдор карда буданд. Ба гуфтаи огоҳони умур, ангушти ишораи Теҳрон пеш аз ҳама ба сӯи Арабистони Саудӣ, яке аз рақибони аслии Эрон дар Ховари Миёна равона шуда буд. Иддаое, ки қаблан намояндагони Саудӣ рад карда буданд.