Дар Узбекистон даромадан ба маҷмааи Ичан-Қалъаро пулакӣ карданд

Дар шаҳри Хиваи Узбекистон даромадан ба маҷмааи таърихии "Ичан Қалъа"-ро пулакӣ карданд. Аз ин ба баъд ҳар як нафар барои ворид шудан ба он бояд 10000 сӯм (беш аз $1) пардохт кунад.

Мудири маҷмаа гуфт, тасмим ба хотири афзоиши даромад аз ҳисоби сайёҳон гирифта шудааст. Вале сокиноне, ки дар атрофи маҷмаа зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, тасмими мазкур зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

"Дар як рӯз ман маҷбурам, ба воситаи дарвозаи маҷмаа ду бор гузарам. Агар ҳар бор 10000-сӯмӣ диҳам, аз пули нафақаам чизе намемонад", - мегӯяд як сокини 69-солаи маҳаллӣ бо номи Ҷуманазар.

Як донишҷӯй аз Хива бо номи Равшанбек мегӯяд, ҳар рӯз ҳангоми баргашт ба хона маҷбур аст, ҳудуди маҷмааро давр бизанад. "Агар шумо ба воситаи "Ота дарвоза" гузаштан хоҳед, бояд 10000 сӯм пардохт кунед. Равуои сокинони атрофи маҷмаа хеле мушкил шудааст. Роҳ ба сӯи хонаҳои худамонро пулакӣ кардаанд",-афзуд ӯ.

Раҳбарияти маҷмааи давлатии таърихии Ичан-Қалъа мегӯяд, ба хотири афзоиши даромад аз ҳисоби ҷаҳонгардон ворид шудан ба шаҳракро пулакӣ кардаанд. "Сокинон метавонанд ҳудуди маҷмааро давр бизананд. Дар оянда ният дорем, ки барои сокинони атрофи Ичан-Қалъа корти махсус ҷорӣ кунем",-изҳор дошт яке аз масъулони маҷмаа.

Хиваи Узбекистон ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ҳамчун яке аз қадимитарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ворид шудааст.