Автобуси ҳомили хонандагон дар наздикии Тошканд оташ гирифт

Автобуси ҳомили 53 мусофир, ки бештари онҳо хонандагони мактаб буданд ва аз сафари Бухоро бармегаштанд, шаби 29 апрел дар наздикии шаҳри Тошканд нахуст чаппа шуд ва баъдан оташ гирифт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон хабар медиҳад, ки автобус дар натиҷаи кафидани чархаш чаппа шудааст. Ҳамаи мусофирон фавран аз автобус берун оварда шуда, касе ҳалок нагардид. "Дар натиҷаи садама 6 кас маҷруҳ шуданд",-хабар дод кумита.

Ба иттилои мақомот, дар автобус 37 хонандаи мактаби №31 ноҳияи Паркет, 3 омӯзгори мактаб, 10 падару модари хонандагон ва 3 ронанда ҳузур доштанд.