Дар Кӯлоб модари ҷавоне сегоник таваллуд кард

Tajik triplets

Дар шаҳри Кулоб нимаи моҳи апрел як зани ҷавон сегоник ба дунё овард. Мавзуна Мадисоева сокини 26-солаи шаҳр сегоникро рӯзи 14-уми апрел дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овардааст ва ҳамаи онҳо ба гуфтаи амакашон сиҳату саломатанд.

Қурбоналӣ Одинаев, амаки тифлони навзод рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи сиҳатии ду писару як духтари Мавзуна ва сиҳатии худаш хуб аст. Ӯ афзуд: “Кӯдакон рӯзи 14-уми апрел соати 2 дар ҳафтмоҳагӣ таваллуд шудаанд ва табибон рӯзи 20-ум онҳоро ҷавоб доданд.

Кӯдакон дар хона ҳастанд, аз тариқи лӯлае, ки дар биниашон гузоштаанд, ба онҳо шир медиҳанд.” Ба қавли Қурбоналӣ Одинаев, табибон гуфтаанд, азбаски шароит дар таваллудхона нест, метавонанд, онҳоро дар хона нигоҳубин кунанд.

Ҳоло ба кӯдакон ном нагузоштаанд. Модари кӯдакон парастор аст ва як духтари 3-солаи дигар ҳам дорад. Падари навзодон айни ҳол кори муайян надоштааст ва мисли бисёре аз ҷавонони дигари тоҷик барои кор ба Русия мерафтааст.