Дар Балканободи Туркманистон пушти бонкоматҳо навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Шоҳидон мегӯянд, сокинони маҳаллӣ аз камбуди пули нақд ранҷ мекашанд.
"Сокинон наметавонанд, моҳонаашонро аз бонкоматҳо бигиранд. Касе аз масъулони бонкҳо шарҳ намедиҳад, ки чаро пул нест", - хабар дод як шоҳиди ҳодиса.
Чанд соли охир дар саросари Туркманистон маоши кормандонро тавассути кортҳои бонкӣ пардохт мекунанд. Соли 2018 пардохти нафақаро ҳам тавассути корт ба роҳ монданд.
Аммо дарёфти маошу нафақа тариқи корти бонкӣ мушкил аст. Дар ҳоли ҳозир гирифтани маблағ аз кортҳои бонкӣ дар Туркманистон маҳдудият дорад. Як шаҳрванд наметавонанд, дар моҳ бештар аз 800 манат аз корти бонкиаш бигирад.