Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек баррасии парвандаи омӯзгор Темир Болотбек идома дорад. Вай дар ангехтани адовати миллӣ айбдор мешавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, дар навиштаҳои омӯзгори Донишгоҳи давлатии сохтмони Қирғизистон, ки дар ҷараёни як мубоҳиса изҳор дошта, бархе корбаронро "хокистарбардор" ном бурдааст, даъват ба бадбинии миллӣ дида мешавад.
Бурул Макенбоева, як фаъоли ҷомеа, ки дар баррасии имрӯзии парвандаи омӯзгор ширкат дошт, мегӯяд, дар ҷаласаи ахир фикри коршиносон шунида шудааст. "Пурсидашудаҳо пештар гуфтанд, ки дар суханҳои омӯзгор аломати ангехтани бадбинии миллӣ, динӣ ва ё нажодӣ дида намешавад", - гуфт Макенбоева.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ибтидои соли 2018 нисбати ин омӯзгор парвандаи ҷиноӣ боз кард. Темир Болотбек айбҳои эълоншударо рад мекунад.