Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба Русия, бо нахуствазири он кишвар Дмитрий Медведев мулоқот кардааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми апрел бо сафари расмӣ ба Русия рафт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Оқои Раҳмон дар ин мулоқот аз ҷумла таъкид кардааст, ки кишвараш аз таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ бо Русия манфиатдор аст.

Масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, афзоиши гардиши мол ва ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия, аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯҳо байни Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев будааст. Манбаъ мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Русия роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ низ таъкид карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ – палатаи поёнии порлумони Русия низ дидору мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Думаи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар бахши муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия чанд масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Душанбе умед дорад, ки Русия бори дигар муҳоҷирони кории тоҷикро афв мекунад.

Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунанд ва ин кишвар шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст. Гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли 2018 ба беш аз 1 миллиард доллар расид, вале дар ин доду ситад бештар Русия ба Тоҷикистон мол содир мекунад ва фоида мебардорад.