Дар ин бора додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, парвандаи фасодкорӣ ҳангоми бозсозии осорхона ва ипподроми Чолпон-Ота муттаҳид шуда ва дар асоси моддаи фасодкорӣ сарвазири пешин Сафар Исҳоқов, мансабдорони давлатӣ Алмаз Абдикаров, Улуғбек Матисҳоқов, Мира Карибоева, Шайбек Атамбеков ва Айдарбек Мендеев айбдор мешаванд.
Ба иттилои додстонӣ, зарари умумии аз амалҳои ғайриқонунӣ расонида шуда бештар аз 3,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" дар моҳи майи соли 2018 гуфт, ки маблағи барои бозсозии Осорхонаи таърихӣ ҷудошуда ҳадафмандона харҷ нагардидааст. Вакилони ҷиноҳи мазкур гуфтанд, ки таъмир гарон нишон дода шуда, паймонкорон ғайриқонунӣ интихоб гардидаанд. Баъди ин кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар тафтишро шуруъ кард.