Сарнавишти 112 духтар аз Чибук номаълум мемонад

Акс аз моҳи августи соли 2016 аст

Аз замони рабудани садҳо духтар дар Нигерия панҷ соли расо пур шуд, вале сарнавишти 112 нафари онҳо ҳануз маълум нест. Рӯзи 14-уми апрели соли 2014 ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Боко Ҳарам” 276 духтари аз 9-то 17-соларо аз яке аз мактабҳои шаҳри дурафтодаи Чибук рабуданд.

Панҷоҳу ҳафт духтар аз мошинҳои боркаш берун парида фирор карданд. Бисту як нафар моҳи октябри соли 2016 озод карда шуданд ва чанд нафари дигар моҳи январ аз дасти ҷангҷӯён гурехтанд.

Мақомоти Нигерия моҳи майи соли 2017 гуфтанд, ки 82 духтарро бо музокирот раҳо карданд, вале ҷузъиёти музокирот маълум нест. Бино ба гузоришҳо тундравони исломӣ бисёре аз ин духтарони насрониро маҷбур кардаанд, ки дини исломро қабул кунанд.

Баъзеҳоро зӯран ба ҷангҷӯёни Боко Ҳарам ба занӣ додаанд. Рабудани садҳо духтар аз Чибук, сабаб шуд, то талошҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар саросари ҷаҳон зиёд шавад.

Созмони Авфи Байналмилал соли 2018 дар як гузориш гуфт, ки созмони Боко Ҳарам аз соли 2009 камаш 4 ҳазор писару духтар ва занонро рабуда онҳоро, ба ошпаз, ғуломи ҷинсӣ, сарбоз ва маргталаб табдил додааст. Боко Ҳарам, тарафдори таъсиси давлати исломист ва як ҳалқаи Ал-Қоида ба ҳисоб меравад.