Раиси Шӯрои низомии Судон аз мақоми худ канор рафт

Авод ибни Авф

Авод ибни Авф, вазири дифои Судон, рӯзи 12-уми апрел аз мақоми раҳбари Шӯрои низомии давраи гузор дар кишвараш истеъфо дод.

Афв як рӯз пеш аз он дар пайи барканории Умар ал-Башир аз курсии раёсати ҷумҳурӣ, раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ шуда буд.

Ӯ гуфт, "ман ба унвони раҳбари Шӯрои низомии интиқолӣ эълон мекунам, ки истеъфо медиҳам ва генерал Абдулфаттоҳ Бурҳонро ба унвони раҳбари ин шӯро интихоб мекунам."

Ҳукумати 30-солаи Умар ал-Башир рӯзи панҷшанбеи гузашта, пас аз эътирозҳои чандҳафтаӣ зидди ӯ, поён ёфт. Ӯ соли 1989 дар натиҷаи кудето ё табаддулот ба сари қудрат омада буд.

Эътирозҳо дар Судон чанд моҳ пеш нахуст аз вазъи бади иқтисодиву болоравии нархҳо оғоз шуд ва баъдан ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ табдил ёфт.