Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ду блогнависи тошкандиро дар вайронсозии тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мекунад.
Рустам Карим, яке аз блогнависони боздоштшуда рӯзи 8 апрел дар саҳифаи Facebook ду муроҷиат нашр кард. Яке аз он ду муроҷиат дар дохили бинои Идораи маънавии мусалмонон ва дувумӣ дар кӯча сабт шуда буд.
Рустам Карим дар муроҷиаташ гуфт, ки ҳамроҳи дӯсташ бо муовини раиси Идораи маънавии мусалмонон шайх Абдулазиз Мансур мулоқот ва мавқеашонро "нисбати манъи ҳиҷобпӯшии занон ва додани иҷозатномаи маҳсулоти ҳалол" баён мекунанд.
Рустам Карим дар муроҷиати дувум гуфт, ки бидуни моҷарое Идораи маънавии мусалмононро тарк кардаанд.
Баъди чанд дақиқаи нашри навори дувум хабари боздошти Рустам Карим ва дӯсташ нашр шуд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ раҳоии Рустам Карим ва дӯсти вай Тулқин Астановро талаб доранд.
Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки ду блогнавис бо айби "авбошӣ дар дохили Идораи маънавии мусалмонон" боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, блогнависон бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд 15-рӯзӣ ҳабс шудаанд.