Мӯҳлати Брекзит то 31 октябр тамдид шуд

Тереза Мей ва Доналд Туск

Нахуствазири Бритониё Тереза Мей ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ҷаласаи шабонгоҳи Брюссел ба мувофиқа расиданд, ки зарбулаҷал ё мӯҳлати охирини Брекзитро то 31 октябр тамдид кунанд. Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск субҳи 11 апрел эълон кард, ки Мей ба шарту шурути Иттиҳодияи Аврупо оид ба тамдиди мӯҳлат розӣ шуд.

Туск ин созишро ҳамчун “тамдиди нармпазир” сифат дод ва гуфт, ки ин мӯҳлат ба Бритониёи Кабир имкон медиҳад ба “беҳтарин тасмим” даст ёбад. Дар поёни ҷаласаи Иттиҳодияи Аврупо гуфта шуд, ки Бритониё бояд аз гирифтани тадбирҳое худдорӣ кунад, ки барномаҳои калидии Иттиҳодияи Аврупоро ба чолиш бикашад.

Манзур ин аст, ки дар мӯҳлати муқарраршуда барои Брекзит Бритониё ташаббусҳои Брюсселро дар барномаҳои муҳимаш вето накунад. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо нақша доранд, ки бори дигар дар моҳи июн ба хотири баррасии вазъ ташкили ҷаласа кунанд. Бритониё метавонад пештар ҳам аз узвияти Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шавад, агар Мей тавонад дар парлумон эътилофи аксариятро ташкил карда аз ин роҳ созишномаи бурунрафт аз Иттиҳодияи Аврупоро, ки соли 2018 имзо шудааст, ба тасвиб расонад.

Президенти Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер субҳи 11 апрел гуфт, ки Брекзити бидуни созиши бурунрафт “як харобкорӣ” мешавад ва Брюссел тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки аз сенарияи Брекзити бидуни созиш ҷилавгирӣ шавад. Юнкер гуфт, ки Брекзит танҳо бар асоси созиш даст хоҳад дод. Ҷаласаи Брюссел дар остонаи 12 апрел баргузор шуд, то ки, ба гуфтаи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, созиши Брекзит баъди се дафъа рад шудани пешниҳоди Мей, хароб нашавад.