Созмони ҳомии ҳуқуқ Amnesty International изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимол дорад, додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар боздоштгоҳ шиканҷа шуда бошад.
Amnesty International 8 апрел дар номаи худ ба унвони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳимояти додситони кулли пешин ва 12 мансабдори собиқе аз шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ даъват кардааст, ки дар доираи парвандаи Қодиров боздошт шудаанд.
Созмон бо истинод ба чанд манбаи муътамад гуфтааст, ки Қодировро дар боздоштгоҳ хобравӣ намемонанд ва шиканҷа мекунанд.
Ёдрас мешавем, миёнаҳои марти соли равон манобеи наздик ба тафтишоти парвандаи Қодиров аз боздошти додситон Баҳром Қобилов хабар доданд. Қобилов як муддат гуруҳи муфаттишони парвандаи Рашид Қодировро раҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи манобеъ, Қобилов "дар шиканҷа ва амалҳои ғайриинсоние айбдор мешавад, ки ҳангоми тафтиши парвандаи додситони кулли пешин анҷом шудаанд".
Рашид Қодирови 66-соларо, ки тайи 15 соли ахир додситони кулли Ӯзбекистон буд, моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор ва 22 феврали соли гузашта дар шаҳри Тошканд барои анҷоми як қатор ҷиноятҳо дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, дар давоми муҳлати ҳабси ӯ раҳбари гуруҳи тафтишотӣ борҳо иваз шудааст.
Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон 5 марти соли гузашта писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.