Додрас баргардонидани муҳоҷиронро аз ИМА ба Мексика манъ кард

Додраси федеролии Сан-Франтсиско Ричард Зийборг ба қатъи таҷрибаи мақомоти ИМА дастур дод, ки муҳоҷиронро то маълум шудани посухи дархости паноҳандагияшон иҷборан ба Мексика бозпас мефиристоданд.

Зийборг ин тасмимро дар посух ба шикояти созмонҳои ҳомии ҳуқуқе гирифт, ки ҳукуматро ба додгоҳ кашида буданд. Созмонҳо гуфтанд, маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп бо пас фиристодани муҳоҷирон ба минтақаҳои хатарноки Мексика қонунҳои байналмилалӣ ва Амрикоро нақз мекунад. Қарори додрас 12 апрел ба иҷро медарояд.

Қоидаи нави муваққатан бозпас фиристодани муҳоҷирон моҳи январи соли равон ба иҷро даромад. Сиёсати ба истилоҳ "дар Мексика мондан" яке аз навовариҳои вазири амнияти дохилии ИМА Кирстен Нилсен буд. Ҳадафи он коҳиши мавҷи муҳоҷире гуфта мешуд, ки аз Амрикои Марказӣ ба ИМА мерафтанд.

Пеш аз ҷорӣ шудани қоидаи мазкур муҳоҷирон ҳақ доштанд, то маълум шудани посухи дархости паноҳандагии худ дар ИМА бимонанд.

Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта, ҳангоми боздид аз марзи ИМА бо Мексика гуфт, кишвараш дар ҳоли ҳозир наметавонад, муҳоҷирони навро, новобаста аз он ки дархости паноҳандагӣ мекунанд, ё не, қабул кунад. Ба гуфтаи ӯ, бештари дархостҳои паноҳандагӣ сохта ҳастанд.

Вале ба ин нигоҳ накарда, додрас Зийборг ҳукумати ИМА-ро вазифадор кард, ки таҷрибаи бозпас фиристодани муҳоҷиронро ба Мексика қатъ карда, ба онҳо иҷозат диҳад, то маълум шудани посухи дархости паноҳандагияшон дар ИМА бимонанд.