Пулиси шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гуфт, садама тахминан соати 6:20 рӯзи 29 марти соли равон дар ноҳияи Шайхонтоҳури пойтахт дар натиҷаи риоя нашудани меъёри суръати ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандагон рух додааст.
Ба иттилои пулис, иштирокчиёни садама нимашаб дар тарабхонае нишаста, пас аз ҷанҷол бо мошин якдигарро таъқиб кардаанд.
"Ҳоло акнун ягон ронанда ба ёд намеорад, ки он шаб барои чӣ ҷанҷол карданд. Яке аз ронандаҳо бо мошини худ мехост, аз дӯстони ба ғазаб омадааш фирор кунад ва мошини дувумӣ ӯро тақиб мекард. Дар чорроҳаи хиёбони Самарқанд-Дарвоза ва Алишер Навоӣ яке аз ронандагон суръати ҳаракатро баланд карда, дар натиҷа аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст ва ба мусофирбари "Газел" бархӯрдааст", - мегӯяд хадамоти матбуотии пулиси Тошканд.
Дар натиҷаи садама чандин одам захмӣ шуда, зани 62-сола ҷон бохтааст.