Рӯзи шашуми апрел нерӯҳои вафодор ба фармондеҳи бонуфузи низомии Либия Халифа Ҳафтар ба сӯи Триполӣ (Троблус) рафта ва фурудгоҳи байналмилалии собиқи шаҳрро гирифтаанд.
Вазирони умури хориҷии Гурӯҳи ҳафт (G7) аз нишасташон дар Фаронса ба Ҳафтар ҳушдор доданд, ки агар пешравиро ба сӯии ҳукумати Триполӣ мутаваққиф накунад, дар баробараш иқдом хоҳанд кард.
Ҳукумати мустақар дар Триполӣ аз ҳимояти байналмилалӣ бархӯрдор аст. Вазири умури хориҷии Фаронса ин иқдоми нерӯҳои Халифа Ҳафтарро дар Либия “бе мавқеъ” унвон карда ва гуфтааст, “мушкилоти Либия танҳо роҳи ҳалли сиёсӣ дорад”.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз ҳамаи тарафҳо хостааст, ки ба тавофуқи сулҳ бирасанд. Ҳамзамон ӯ дар баробари мудохила дар умури Либия ҳушдор додааст.
Департаменти давлатии Амрико низ аз даргирии нав дар Либия ибрози нигаронӣ кард.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷуми апрел дар як нишасти изтирорӣ ҳушдор дода буд, ки иқдоми нерӯҳои вафодор ба Халифа Ҳафтар субот дар ин кишварро бо хатар рӯбарӯ кардааст.