Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки дар Қатар аст, рӯзи 6-уми апрел дар маросими ифтитоҳи маркази "Мол Қатар" иштирок кардааст.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии раиси порлумон, гуфт, мудири ин марказ Макрам Дарвозӣ аст, ки гузаштагонаш гӯиё сесад пеш аз Бухоро ба Алҷазоир ва аз онҷо ба Тунис рафтаанд.
Дар "Молл Қатар" нуҳ бонки бузургтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагии худро доранд.Ҳамчунин, дар дохили марказ ширкати "Калифур" пурнуфузтарин ширкати дунё кор мекунад.
Мудири иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозӣ гуфтааст, ки ин марказ ба манзури омодагӣ ба ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 аст, ки дар Қатар баргузор хоҳад шуд.