Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар соли гузашта 150 ҳазор ҷои нави корӣ офаридаанд. Аммо шумораи зиёди ҷавонон ҳанӯз шикоят доранд, ки ё бекор ҳастанд ё аз камии маош рӯ ба бозори мардикорон овардаанд.
Шарт нест, ки бачаи вазир ҳатман вазир шавад ва бачаи депутат - депутат. Фарзанди дигарон низ ҳастанд.
"Ба падарам ёрӣ мекунам"
Сомон Келдиев ҳар рӯз дар мардикорбозори Душанбе мунтазири корфармо меистад. Бо он ки 18-сола аст, бори зиндагии хонавода бар дӯши ӯст. "Орзу дорам, ки таҳсил кунам ва маълумоти олӣ гирам, аммо пул надорем. Падарам кор мекунад, вале даромадаш ба зиндагӣ намерасад. Дар оила як писар ҳастам ва маҷбурам дар паҳлуи ӯ кор кунам", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Мисли Сомон ҷавонони дигарро низ бекорӣ ва ниёзмандӣ ба мардикорбозор овардааст. Тангдастӣ ва набуди дастгирӣ монеи расидани ҳазорҳо ҳамсоли Сомон ба орзуҳои навҷавонияшон шудааст.
Одилҷон Хоҷаев яки дигар аз онҳост. Ӯ рӯзи 5-уми апрел гуфт, "мактабро то синфи ҳаштум хондам. Давом дода натавонистам. Деҳқонӣ кардам ва аз паси чорво шудам. Ба Русия рафтан мушкил аст, чун нархи иҷозатномаи кор афзудааст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Танҳо мушкили молӣ монеи пешрафт нест"
Аммо мушкили молӣ танҳо сабаби пешрафт накардан ё ҷои по наёфтани ҷавонон дар зиндагӣ нест. Далер Шарифов маълумоти олӣ дорад ва аз рӯйи ихтисос хабарнигор аст. Як муддат дар телевизиони давлатӣ кор кард, аммо зимни, тавре мегӯяд, "баҳс бо роҳбарият" аз кор озод шуд. Ҳоло маҷбур аст барои пеш бурдани рӯзгор ба тиҷорат машғул шавад.
"Ёфтани ҷойи кор барои инсонҳое, ки қарору фармонҳоро баррасӣ мекунанд ва "не" гуфта метавонанд, мушкил аст. Ё мегӯянд, ки ин қонуну қарор ба манфиати ман ё ҷомеа нест. Ҳатман, ки туро хоин мегӯянд, аз гурӯҳҳои сеюм мегӯянд ва ҳар чизи дигар. Ман аз таҷрибаи худ инро мегӯям", - нақл кард ӯ.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, як мушкил дар роҳи пешрафти ҷавонони тоҷик маҳалгароиву хешутаборбозӣ ва пеш аз ҳама талоши ба курсӣ нишондани фарзандони афроди мансабдор аст. Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтаанд, ба шоистасолорӣ бартарӣ медиҳанд.
"Шарт нест, ки..."
Далер Шарифов гуфт, "шарт нест, ки бачаи вазир ҳатман вазир шавад ва бачаи депутат - депутат. Фарзанди дигарон ҳам ҳастанд. Ҳарчанд падарони онҳо натавонистанд, ки сармояи кофӣ ҷамъ оваранд, фарзандони онҳо метавонанд, ки дар пешрафти ҷомеа, дар пешрафти кишвар нақш бибозанд."
Шикояти ҷавонон аз мушкилу монеаҳо дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, барои рушди ҷавонон корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва онҳоро ҳамеша дар мадди назар доранд. Охири ҳафтаи гузашта дар як нишаст дар Душанбе масъалаи ҷавонон матраҳ шуд ва дар он намояндагони порлумон масъалаи сармоягузорӣ ба рушди ҷавононро баррасӣ карданд.
Маош - 300 сомонӣ
Шариф Раҳимзода, узви Маҷлиси Намояндагон гуфт, "ҳар сол шумораи зиёди ҷавонон ба хориҷ фиристода мешавад. То ҷавононро дар сатҳи нав, сатҳе, ки барои таъмини рушди ояндаи кишвар зарур аст, омода созем."
Аммо таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба мизони бекорӣ ва муҳоҷирати насли ҷавон аз кишвар талошҳои ҳукуматро барои ин насл ночиз ва камтаъсир медонанд. "Мақомот дӯст медорад, ки ҳамеша аз пешрафт ва корҳои мусбат гап занад. Ҳеҷ вақт "минус"-ро ба гардан намегиранд. Бо кадом кор қишри камбизоатро таъмин карданд? Кадом? Ин гапи умумист, далел нест. Ба замми ин ба маоши 300-400 сомонӣ намешавад кор кард", - гуфт коршиноси тоҷик Азиз Нақибзод.
Мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон соли гузашта 150 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, вале дар айни замон дар ин муддат беш аз 200 ҳазор навзод ба дунё омадааст.
Дар зимн, бархе аз ҷавонони тоҷик, ки аллакай роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намуда, соҳиби тиҷорату кори худанд, мегӯянд, дар бисёр ҳолат муваффақияти ҳар ҷавон ба худи ӯ бастагӣ дорад. Дилноза Қуддусова мегӯяд, "аз худи ҷавонон вобастааст, ки ба илм рӯ меоранд ё кори сиёҳ. Шароите, ки барои донишомӯзии як ҷавони тоҷик зарур аст, фароҳам аст."
Коршиносон мегӯянд барои эҷоди як кори устувор бо маоши шоиста дар Тоҷикистон ҳудуди 50 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардан зарур аст. Айни ҳол на давлат ва на бахши хусусӣ дар Тоҷикистон қудрати ин миқдор сармоягузорӣ кардан ва ташкили ҷойҳои кории кофӣ барои ҳамаро надоранд.