Таваҷҷуҳи Қирғизистон ба мушкили сокинон дар марз бо Тоҷикистон

Порлумони Қирғизистон ё Жогорку Кенеш санадеро тасвиб кард, ки бар асоси он аз ҳукумат хоста шудааст, ба мушкили сокинони минтақаҳои ин кишвар дар марз бо Тоҷикистон расидагӣ шавад.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми апрел дар ҷаласаи паси дарҳои баста гузориши ҳукумати ин кишварро дар бораи муноқишаи рӯзи 13-уми марти имсол дар марз бо Тоҷикистон шуниданд.

Дар ҷаласа аъзои ҳукумати Қирғизистон ба раҳбарии нахуствазир Муҳаммадқалий Абилғозиев ва, инчунин, мақомоти маҳаллӣ иштирок карданд.

Каромат Орозова ва Таабалди Тиллоев дар ҷаласаи порлумон аз мушкили сокинони деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканд гуфтаанд. Ин вилояти Қирғизистон бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Онҳо гуфтаанд, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар вилояти Бодканд аз норасоии хадамоти тиббиву маориф ва камбуди оби ошомиданӣ ва об барои кишту кор азият мекашанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, вазъи роҳҳо риққатбор аст.

Тафсилоти дигари ҷаласаи порлумони Қирғизистон маълум нест.

Дар натиҷаи муноқишае, ки рӯзи 13-уми марти имсол барои сохтмони роҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархост, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Таҳқиқи муштараки ҳодисаро додситонҳои кулли ду кишвар бар асоси 7 модда, аз ҷумла "куштор" ба роҳ мондаанд.

Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз он ҷо сар мезанад, ки беш аз 470 километри марзи миёни ду кишвар муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ду кишвар беш аз 900 километр марз доранд.