Дар Вашингтон ҷаласаи кишварҳои узви НАТО баргузор мешавад

2 апрел дар Кохи Сафед мулоқоти Йенс Столтенберг ва Доналд Трамп баргузор шуд

Вазирони хориҷаи 29 кишвари узви паймони низомии НАТО қарор аст рӯзи 3 апрел дар шаҳри Вашингтон ба ифтихори 70-солагии ин созмон ва баррасии масоили таҳдидҳои амниятӣ, Русия ва Афғонистон ташкили ҷаласа кунанд. Дар остонаи ин нишаст президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 2 апрел бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Кохи Сафед мулоқот кард ва аз ӯ тақозо кард, ки кишварҳои узвро фишор оварад, то барои таъмини амнияти худ маблағ пардохт кунанд.

Столтерберг гуфт:

"Пас аз солҳо кам кардани будҷаҳои дифоӣ ҳампаймонони НАТО дигар бештар сармогузорӣ накарданд ва то поёни соли оянда (2020) ба буҷаи дифоии онҳо 100 миллиард доллари дигар илова мешавад, аз замоне ки шумо ба сари кор омадед. Ва ин нишон медиҳад,ки НАТО як паймони нирӯманд мебошад. Мо қудрати омодагии нирӯҳоямонро афзоиш додаем. Мо муборизаи якҷояи худро ба терроризм фаъол кардаем ва бештар сармогузорӣ мекунем".

Қарор аст 3 апрел Столтенберг дар Конгресс суханронӣ кунад ва ин нахустин чунин суханронии раҳбари НАТО дар баробари қонунгузорони амрикоӣ мешавад. Рӯзи 4 апрел вазирони хориҷа дар Департаменти давлатӣ мулоқоте барпо карда дар он масоили марбут ба Русияро баррасӣ мекунанд.