Комиссиюни вижа харобиҳои Сангворро арзёбӣ мекунад. ВИДЕО

Комиссияи вижае дар ноҳияи Сангвор харобиҳои ҳосилшуда дар натиҷаи офатҳои табиии ҳафтаи гузаштаро ҳисоб мекунад. Бар асари тундбод рӯзи 29-уми март болопӯши беморхонаи деҳаи Хипшон ва боми чанд хонаи сокини ноҳия осеб дид. Шаби 27-уми март дар паи кӯчиши тарма шаш хона дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) зиён дида, даҳҳо чорпои мардум кушта шуд. Феълан иттилое дар бораи хисороти ҷонӣ дар даст нест.

Шаби 27 март як сокини маҳаллӣ – Наврӯзи Назар ба ҳалокат расид, вале феълан маълум нест, ки то куҷо ин мард қурбонии офати табиӣ шуд ваё дар натиҷаи ҳодисае ҷон дод. Ин масъала таҳқиқ мешавад. Маҳмадҷон Пирназаров, раиси дастгоҳи ноҳияи Сангвор рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омили кӯчидани тарма заминҷунбии сабук будааст. Ӯ гуфт, бар асари заминҷунбӣ, тарма аз баландиҳо рахна шуда, ба деҳа сарозер шудааст. Дар Тоҷикистон, ки аксари манотиқи аҳолинишинаш дар мавзеъҳои кӯҳӣ ҷойгир аст, дар баробари офатҳои табиӣ заъфпазиранд.

Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст ва аз ҳама бештардар ин хисорот сел "саҳм" гузоштааст. Солона сел ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонидааст, баъдан хушксолӣ, ки ҳар сол мардум ва иқтисодро аз 5,5 миллион доллар маҳрум мекардааст. Фалокати саввуми зиёновар барои Тоҷикистон заминларза будааст, ки дар натиҷаи он ҳар сол кишвар 3 миллион доллар зарар медидааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оқибатҳои фалокат дар Сангворро бартараф мекунанд