Украина: натиҷаи назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ эълон шуд

Номзад ба мақоми президентии Украина Владимир Зеленский

Созмонҳои ҷомеашиносии Украина рӯзи панҷшанбе охирин натиҷаҳои назарпурсии пеш аз интихоботи президентиро эълон карданд. Райъдиҳӣ рӯзи 31 март баргузор мешавад.

Бар асоси натиҷаи назарпурсӣ, ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар мақоми аввали раддабандиҳои пешазинтихоботӣ қарор дорад. Аз 25 то 28 дарсади раъйдиҳандагон, ки аллакай номзади мавриди назари худро интихоб намудаанд аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Дар мақоми дувуму севум президенти кунунӣ Пётр Порошенко ва раҳбари ҳизби мухолифи "Баткившина" Юлия Тимошенко қарор доранд. Бунёди "Ташаббусҳои демократӣ" ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев Порошенкоро дар мақоми дувум нишон додаанд. Ба иттилои гуруҳи "Рейтинг", шумори ҷонибдорони Порошенко ва Тимошенко як хел – 17% аст. Созмони "Таҳлили иҷтимоӣ" сафи ҷонибдорони Тимошенкоро каме бештар меномад.

Мақоми чаҳорумро Юрий Бойко ва Анатолий Гритсенко касб кардаанд. 10 дарсади пурсидашудаҳо аз ин ду номзад ҷонибдорӣ мекунанд. Бойко ҳафтаи гузашта аз Москва боздид ва бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев дидору гуфтугӯ карда буд. Рақибони Бойко ӯро барои ин кораш сахт танқид карданд ва додситонӣ ваъда дод, ки ба зиддаш барои убури ғайриқонунии марз парванда боз мекунад.

Ҷамъан дар Украина 39 нафар номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаанд.