Дар ноҳияи Қанликӯли Қарақалпоқистон як ҷавони 24-сола ва духтари 21-сола якдигароро бо корд заданд. Дар натиҷа духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мард зинда монд ва боздошт шудааст.
Ҳодисаи хунин 1 марти соли равон дар қабристони "Ешимахун"-и деҳаи "Жолий" рух дода, танҳо 25 март расонаӣ шуд.
"Писару духтар се сол буд, ки ҳамдигарро дӯст медоштанд. Вале як ҷавони дигар духтарро рабуда, иҷборан бо ӯ издивоҷ кард. Духтар бо баҳонаи ба дарс рафтан ҳамроҳи дӯстписараш аз хонаи шавҳари худ гурехта, дар қабристон қасди худкушӣ кард", - гуфт як ҳамсуҳбати мо аз Қанликӯл.
Ба гуфтаи манбаъ, духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, писар дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, писарро баъди рухсат шудан аз беморхона боздошт карданд.
Дар изҳороти Додситонии кулли Узбекистон омадааст, "боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки дӯстдухтараш ба маҳзи ба қабристон расидан худро бо корд зад ва ӯ низ кордро аз дасти духтар гирифта, ба ҷони худ қасд кард".
Зидди ҷавон бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, "гумонбар бо қасди куштор нахуст ба гардан ва қалби духтар сипас ба шиками худ чанд корд задааст".