Русия шаҳрванди Украинаро ба шаш соли зиндон маҳкум кард

Павел Гриб

Додгоҳи ҳавзаи низомии Қафқози Шимолӣ шаҳрванди Украина Павел Грибро бо иттиҳоми "мусоидат ба терроризм" ба шаш соли зиндон маҳакум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 22 март гузориш дод.

Қаблан додситонии Русия аз додгоҳ ҳамин муҳлати ҳабсро талаб карда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки гумонбар барқасдона ҷинояти вазнин содир кард, аммо дар таҳқиқи парванда фаъолона мусоидат кард.

Рӯзи гузашта дар мурофиаи додгоҳи низомӣ ҳоли Павел Гриб бад шуд ва табибон хуруҷи бемориро ташхис доданд. Қаблан падари гумонбар гуфта буд, ки писараш аз бемории қалб ранҷ мебирад ва ба малиёти оҷил ниёз дорад.

Донишҷӯи украинӣ Павел Гриб моҳи августи соли 2017 дар қаламрави Беларусия нопадид шуд. Ӯ барои мулоқот бо духтари шиносаш ба он кишвар рафта буд. Баъдтар Грибро дар боздоштгоҳи Краснодар пайдо карданд. Наздикон ва вакилони Павел Гриб мегӯянд, ки ӯро хадамоти махсуси Русия дуздид.

Ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, Павел Гриб як духтари шиносашро барои инфиҷор додани бомбаи худсохт дар ҷамъомади хатми мактаб дар Сочӣ ташвиқ мекард. Ин духтар баъдан ба хабарнигорон эътироф кард, ки бо фишори ФСБ Грибро ба мулоқот даъват карда буд.

Киев боздошти Грибро тавтеаи хадамоти махсуси Русия медонад ва талаб дорад, ки шаҳрванди Украина оҷилан озод шавад.