Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, беш аз 10 нафар, бо шумули хабарнигори шабакаи телевизионии "Настоящее Время" Светлана Глушкова, боздошт шуд. Пулис гуфт, ки Глушковаро бар пояи гӯё шикояти як зан дастгир кард.
Қабл аз боздошт хабарнигор дар фурсати кӯтоҳ навишт: "Маро боздошт карданд. Ман ба вакил ниёз дорам. Ман ҳоло дар идораи пулиси Сариаркин ҳастам".
Рӯзи гузашта 20 нафар, ки ба тағйири номи Остона ба Нурсултон - номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев мухолиф буданд дар назди идораи шаҳрдорӣ боздошт шуданд. Пулис чанд нафари дигарро ҳангоми ҷашни Наврӯз дар маркази Алмаато гирифт. Тавре бахши қазоқии Радиои Озодӣ гузориш дод, боздоштшудаҳо аз мухолифони тағйири номи Остона ба Нурсултон буданд.
Рӯзи чоршанбе чанд соат баъд аз маросими савганди Қосимҷомарт Тоқаев - иҷрокунандаи вазифаи президент, порлумони Қазоқистон Қонун дар бораи иваз кардани номи Остона ба Нурсултонро тасвиб кард. Пешниҳод аз ҷониби Тоқаев ворид шуда буд.
Токаев ҳамчунин даъват кард, ки кӯчаҳои асосӣ дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо бо исми президенти пешин номгузорӣ шаванд. Назарбоев замоне аз мақом истеъфо дод, ки синнаш ба 78 расид.
Бо рафтан аз мақоми раиси ҷумҳур Назарбоев раиси Шӯрои Амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур-Отан" боқӣ мемонад.