Рӯзи панҷшанбе дар пайи чанд инфиҷор дар Кобул, пойтахти Афғонистон шаш нафар кушта ва 23 нафар захмӣ шуд. Дар ин бора сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон хабар дод. Дар бораи таркишҳо дар назди зиёратгоҳ ва қабристони Корти Сахӣ, дар маҳалла шианишини ғарби Кобул хабарҳои зиддунақиз мерасанд.
Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Насрат Раҳимӣ гуфт, ба сӯи мардум, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҷамъ шуданд, аз хумпорандоз оташ кушода шуд.
Вазорати дифоъи Афғонистон дар твиттер навишт, ки ба хонаи мардуми мулкӣ ва ҷамъомадагони Наврӯз се гулӯла партоб шуд. Ба гуфтаи вазорат, пулис ҳамлагарро боздошт ва амнияти минтақаро таъмин кард. Биноба тасвирҳое, ки телевизиони маҳаллӣ ба таври мустақим пахш кард, нерӯҳои амниятӣ тамоми ҷодаҳоро ба сӯи зиёратгоҳ масдуд карданд.
Аз рӯи суннат одамон дар зиёратгоҳ парчами сабз мебардоранд ва ба хотири гирмидошти ёди рафтагон дар канори гуристон ғизо мегузоранд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ва дар Telegram гуфт, ки "сарбозони хилофат" се дастгоҳи таракнадаро дар байни ҷамъмадагони шиъа, наздик ба зиёратгоҳ, ба кор андохтанд. Ин гурӯҳи террористӣ иддао кардааст, ки дар ҳамла 50 нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки мусалмонони шиаҳоро бидъатгузорон арзёбӣ мекунанд, дар гузашта борҳо онҳоро ҳадаф қарор додааст.