Нерӯҳои демократӣ ба нуқтаи охирини ДОИШ дар Сурия расиданд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Силоҳбадастони ДОИШ даста-даста таслим мешаванд. Видеоро дар инҷо тамошо кунед

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико, ки дар Сурия алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" меҷанганд, ба охирин минтақаи таҳти назорати ифротиён расидаанд.

Нерӯҳои демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо рӯзи шанбе гуфтанд, аз ду самт дар минтақаи Боғуз дар вилояти Дейр-аз-зур дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 28-уми феврал гуфт, ДОИШ қаламрави таҳти назораташро дар Сурия сад дар сад аз даст додааст.

Аммо мақомҳо тахмин мезананд, ки садҳо ҷангҷӯ ҳанӯз ҳам дар минтақаи Боғуз мондаанд ва, мумкин аст, то охирин нафас биҷанганд.