Як мақоми баландпояи Кохи Сафед гуфт, қарор аст, моҳи ҷорӣ президенти Амрико Доналд Трамп дар Флорида бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин мулоқот карда, ду тараф дар мавриди тиҷорати байни кишварҳо баҳс кунанд.
Ларри Кудлоу, мушовири иқтисодии Кохи Сафед, дар суҳбат бо шабакаи Fox Business гуфтааст, дар ҷараёни мулоқот, мумкин аст, Трамп ва Ҷинпин созиши нави тиҷоратӣ имзо кунанд.
"Ҳанӯз комилан ниҳоӣ нашудааст, вале фикр мекунам, метавонед ин интизорро дошта бошед", - афзуд ӯ. Кудлоу гуфт, созиши нав дар равобити тиҷоратии Амрикову Чин шояд "як инқилоберо" ба вуҷуд биорад.
Вай изҳор дошт, дар созишномаи нав илова ба ҳимоят аз қонун, таъкид хоҳад шуд, ки агар Чин аз ваъдааш сарпечӣ кунад, таърифаҳои бештар ба маҳсулоти он ҷорӣ хоҳад шуд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми феврали имсол эълон кард, ки тасмими афзоиши таърифаҳои амволи чиниро ба таъхир меандозад. Трамп инро ҳам гуфта буд, ки дар музокироти ахири тиҷоратӣ бо Пекин "пешрафтҳои чашмрас" доштаанд.
Ҷанги тиҷоратӣ байни Амрикову Чин ё ду “ғӯли” иқтисоди дунё дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсири зиёд гузошт ва нигарониҳое низ пайдо шуд, ки рушди иқтисод оҳистатар хоҳад шуд.