Жорес Алферов, донишманди рус ва барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика, даргузашт. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия рӯзи 2-юми март бо такя ба қавли ҳамсари Алферов иттилоъ доданд. Ӯ 88 сол дошт. Сабаби марги донишманд гуфта нашудааст. Жорес Алферов намояндаи порлумони Русия аз Ҳизби коммунист ҳам буд. Ӯ соли 2000-ум ҷоизаи Нобелро дар бахши физика ва барои кораш дар мавриди таҷҳизоти лазерӣ ба даст овард, ки ҳоло дар ҳама ҷо, аз мавҷпароканҳо гирифта то телефонҳои мобилӣ, истифода мешавад. Пирӯзии Жорес Алферов барои рушди илми Русияи баъди Шӯравӣ таккон бахшидааст.