Мақомот ва мардуми Ҳинд аз халабони озодшудаи ин кишвар Абинандан Варҳаман дар марз бо Покистон истиқбол карданд. Ӯро намояндагони созмони Салиби Сурх ҳамроҳӣ доштанд.
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, шаби 1-уми март дар "Твиттер" навишт, "мардум аз мардонагии Шумо ифтихор мекунанд".
Ҳавопаймои ҷангии Ҳинд рӯзи чаҳоршанбеи гузашта аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Покистон ҳадаф қарор гирифт ва халабони ӯ дар хоки ин кишвар дастгир шуд.
Боздошти Абинандан Варҳаман дар буҳрони феълии миёни Ҳинд ва Покистон хеле хатарнок арзёбӣ мешуд ва қудратҳои ҷаҳонӣ пайиҳам ҳарду ҷонибро ба таҳаммулпазирӣ даъват карданд.
Дар ниҳоят, Имрон Хон, нахуствазири Покистон, рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки фармондеҳ Абинанданро бо нияти сулҳхоҳӣ раҳо мекунад. Шабакаҳои телевизионии Покистон рӯзи ҷумъа мусоҳибаҳои ин пилоти ҳиндуро нашр карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Покистон халабони ҳавопаймои сарнагуншударо ба Ҳиндустон баргардонд
Муносибатҳои Ҳинду Покистон ҳафтаҳои охир ба сардӣ гароида, расонаҳо аз тирпаронӣ дар Кашмир хабар медиҳанд. Покистон ахиран ҳарими ҳавоии худро баст ва дар натиҷа ҳазорҳо парвоз ба Осиёи Шарқӣ бекор карда шуданд.
Вазъ дар Кашмир пас аз зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон ба пойгоҳҳои эҳтимолии террористон дар ҳудуди Покистон бад шуд. Зарбаҳои ҳавоӣ посух ба ҳамлаи террористие буданд, ки 14-уми феврал ба зидди низомиёни ҳинду дар Кашмир анҷом шуд. Дар натиҷаи ҳамла, ки масъулияти онро созмони "Артиши Муҳаммад" бар зимма гирифт, 40 низомии ҳиндӣ кушта шуданд.
Мақомоти Покистон мегӯянд, дар минтақае, ки ҳадафи зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон қарор гирифт, ягон пойгоҳи террористӣ мавҷуд набуд.