Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки гумонбари латту кӯби як духтар дар маркази пойтахтро дастгир карданд. Онҳо рӯзи 2-юми март гуфтанд, ҷавони боздоштшуда Хуршед Азизови 23-сола аст ва ба зидди бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз шудааст.
Навори латту кӯби як духтар, ки шаби 1-уми март аз тарафи корбарони Фейсбук нашр шуд, вокунишҳои тундро ба бор овард. Дар навор дида мешавад, наздики панҷ ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунанд ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамоянд.
Навор аз ҷониби роҳгузаре сабт шудааст ва дар он садои нолаи духтар бахубӣ шунида мешавад.
Афроди огоҳ аз қазия гуфтанд, ки ҳодиса дар наздикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон рух додааст.