Идомаи боздошти мақомоти баландпоя дар Узбекистон

Вазорати адлияи Узбекистон

Чанд манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки маъмурони Хадамоти амнияти президент рӯзи 23-юми феврал муовини сардори Идораи кадрҳои Вазорати адлияи ин кишвар Юсуф Хоҷаевро боздошт кардаанд.

Боздошти Хоҷаеви 58-сола дар пасманзари дастгир шудани даҳҳо мансабдори баландпояи Хадамоти амнияти давлатӣ ва мақомоти додситонии ин кишвар сурат мегирад.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Узбекистон гуфт, Юсуф Хоҷаев дар доираи парвандае боздошт ва бозпурсӣ мешавад, ки зидди раҳбарони дастгиршудаи Хадамоти амнияти давлатӣ боз шудааст.

13-уми феврал хабар расид, ки раиси барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Ихтиёр Абдуллоев ба муҳлати як моҳ таҳти боздошт қарор гирифт ва ҳоло дар боздоштгоҳи хадамот бозпурсӣ мешавад.

Юсуф Хоҷаев, ки дар миёни ҳамкоронаш бо лақаби "Юсуфи тасмимгир" маъруф аст, гӯиё дар ҳолатҳои ришвахории миёни раҳбарияти пешини Хадамоти амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон даст дорад.

Як ҳуқуқшинос аз шаҳри Тошканд гуфт, ки наздикони Юсуф Хоҷаев дар ҳоли ҳозир вакили дифоъ ҷустуҷӯ дорад.