Бо гузашти 4 сол аз ошӯби нофарҷоми зиддиҳукуматӣ дар Тоҷикистон, додгоҳе дар Душанбе як нафарро бо гуноҳи пинҳон доштани ҷиноят ба зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи низомии Душанбе рӯзи 25-уми феврал хабар дод, ки Аминҷон Мирҷонов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз тарҳи ошӯб хабар дошт, аммо ба мақомоти интизомӣ хабар надод. Ӯ ба якуним сол зиндон маҳкум шуд.
Дар ҳукми Додгоҳи низомии Душанбе гуфта шудааст, ки Аминҷон Мирҷонов қабл аз ошӯби рӯзҳои 3 ва 4-уми сентябри соли 2015 дар масҷиди деҳаи "Роҳи Сотсиализм"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарҳи ин ошӯб огаҳ шудааст, вале дидаву дониста онро аз мақомот пинҳон доштааст.
Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Аминҷон Мирҷонов шоҳиди ташвиқоту таблиғоти имоми масҷиди деҳа шудааст, ки чӣ гуна чанд нафарро барои иштирок дар ошӯб ҷалб кардааст. Додгоҳ мегӯяд, «имоми масҷид Маҳмаддовуд Ноибов, узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ буда ва ҷавононро “ба шаҳид шудан” даъват мекард.»
Ба қавли мақомоти додгоҳ, Маҳмаддовуд Ноибов шаш нафарро ба “ошӯб” сафарбар кардааст, вале Аминҷон Мирҷонов ба ин гуруҳ шомил нашуда, айни замон хомӯширо ихтиёр кардааст. Назари вакили мудофеи Аминҷон Мирҷонов маълум нест ва ҳам рӯшан нест, чаро Мирҷонов пас аз чаҳор сол муҳокима шудааст.
Дар бораи сарнавишти Маҳмаддовуд Ноибов ва аъзои дигари гурӯҳе, ки дар ошӯб ширкат кардаанд, чизе гуфта намешавад.
Дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 даҳҳо нафар ба шумули худи Назарзода кушта шуданд.
Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломиро тарҳрези ошӯб номида, фаъолияташро мамнуъ кард, вале раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин иддао ҳеҷ асос надорад ва ҳукумат ошӯбро ба ҳайси баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ягона ҳизби сиёсии мухолиф ба кор бурд.