Фаронса ба рӯзноманигор Улуғбек Бобоқулов, ки ду сол пеш, пас аз иттиҳоми барангехтани кинаи байниқавмӣ Қирғизистонро тарк карда буд, мақоми паноҳандагӣ дод.
Бобоқулов дар суҳбат бо “Фергана.ру” гуфт, ки масъулони Идораи муҳоҷират ва шахсони бешаҳрвандии Фаронса рӯзи 25 феврал бо ӯ тамос гирифта, хабар доданд, ки минбаъд таҳти ҳимояи ин кишвар қарор дорад.
Ҳамчунин ба рӯзноманигор гуфта шудааст, ки дар ҳолати баргашт ба ватан, муроҷиат ба намояндагиҳои дипломативу консулгарии Қирғизистон дар Фаронса ва хориҷ аз он мақоми паноҳандагияшро аз даст хоҳад дод.
“Мақомоти кишварам зидди ман бо айбҳои сохта парванда боз карданд ва мақомоти Фаронса ба ману аъзои хонаводаам паноҳгоҳ доданд ва барои пайдо кардани ҷои кор низ шароит фароҳам шудааст”, -- афзуд Бобоқулов.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9 июни соли 2017 бар зидди Бобоқулов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бобоқулов ба ин айбдор мешавад, ки гӯё дар Fergananews.com ва расонаҳои дигар матолиби ҳангомасоз ва ва бо ангезандаи зидди қавмӣ нашр кардааст.
Вале худи рӯзноманигор иттиҳомро як тарҳи сохта ва кори президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев меномад.