Дар фосилаи кӯтоҳ аз вуруди раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба Ҳаной, мақомоти Ветнам ҳунарманди шабеҳи ӯро аз кишвар хориҷ карданд. Музокироти Ким Чен Ун бо президенти Амрико Доналд Трамп дар ин кишвар баргузор мешавад.
Ҳунарманди мазҳака, ки худро Ҳовард Икс меномад, рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо рафиқаш, ки Доналд Трампро тақлид мекунад, ба Ветнам омад. Онҳо дар кӯчаҳои пойтахти Ветнам зоҳир шуданд ва таваҷҷуҳи раҳгузарон ва журналистонро ҷалб карданд.
Рӯзи 25-уми феврал кормандони пулис ба меҳмонхонае, ки Ҳовард Икс дар он ба сар мебурд, омаданд, то ба фурудгоҳ сафабар кунанд. Мақомоти расмӣ қарори худро шарҳ надоданд. Чораҳои амниятӣ дар Ҳаной дар остонаи саммити Амрико-Кореяи Шимолӣ таҳким ёфтанд.
Ҳовард Икс соли гузашта ҳангоми мулоқоти Трамп ва Ким Чен Ун ба Сингапур рафт. Ӯ дар онҷо боздошт шуд, вале мақомот аз депортатсия худдорӣ варзиданд.
Ба Рассел Уайт - ҳунарпешаи шабеҳи Трамп иҷозат доданд, ки дар Ветнам бимонад, аммо дар мазҳари ом ҳозир нашавад.
Мулоқоти дуюми раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Ветнам ба рӯзҳои 27-28 феврал барномарезӣ шудааст. Дар мулоқот масълаи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар назар аст. Ким Чен Ун ду рӯз пеш савори қатори зиреҳпӯш ба роҳ баромад. Ӯ аз тариқи Чин ба Ветнам меравад.