Шаби якшанбе ба душанбе дар толори "Dolby Theatre”-и шаҳри Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд. Маросими ҷоизасупорӣ бори нахуст дар 30 соли ахир бидуни баранда баргузор шуда, мукофотро меҳмонони маъруф тақдим карданд.
Унвони беҳтарин филмро "Китоби сабз"-и Питер Фареллӣ соҳиб шуд, ки ба давраи табъизи нажодӣ дар ИМА бахшида шудааст.
Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон Алфонсо Куарон аз Мексика барои филми "Рома"-аш ба даст овард. "Рома" беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуда буд. Ин филм пештар ҷоизаи "Шери тилоӣ"-и ҷашнвораи синамои Венетсияро соҳиб шуда буд.
Ромӣ Малик, ҳунарманде, ки дар филми "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер нақши Фредди Меркюриро бозидааст, ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуд. Ромӣ Малик дар ҷараёни эътои ҷоиза гуфт:
“Мо дар бораи як марди ҳамҷинсгаро, як муҳоҷир ва марде, ки ба таври нобахшиданӣ барои худ мезист, филм сохтем. Ин воқеият, ки ман дар ин ҷо истода ҳамроҳ бо шумо имшаб ҷашм мегирам, маънои онро дорад, ки мо ба ингуна қиссаҳо эҳтиёҷ дорем. Худи ман писари як муҳоҷир аз Миср ҳастам. Ман аз амрикоиҳои насли аввал ҳастам ва як бахши зиндагиномаи ман ҳам ҳамин ҳоло иншо шудааст. Аз ин хотир, ман аз ҳар яки шумо сипосгузорам, ки дар чунин як лаҳза ба ман эътимод кардед. Ин як ҷавҳарест, ки тамоми умр онро ҳифз хоҳам кард”.
"Оскар"-ро барои беҳтарин нақши зан ба Оливия Колман доданд.
Дар бахши беҳтарин нақши дувуми мардона Махершалӣ Алӣ, бозигари филми "Китоби сабз" ва дар бахши беҳтарин нақши дувуми занона Реҷинӣ Кинг, бозигари филми "Агар Бил-стрит ба гап медаромад" соҳиби ҷоиза шуданд.
Филми "Кӯҳбарои танҳо"-и Ҷиммӣ Чин ва Элизабет Чай Васархелӣ беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ дониста шуд. Ин филм дар бораи Алекс Хоннолд аст, ки нахустин шуда бидуни кумаке ба куҳи Эл-Капитани Йосемитӣ баромад.