Ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли як зани рус дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи гумонбари қатли як зани рус дар Душанбе оғоз карданд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Наталя Жирнова рӯзи 24-уми феврал аз хонааш пайдо шуд.

Ба қавли манбаъ, Жирнова 65 сол дошт ва дар маҳаллаи 102-и пойтахт зиндагӣ мекард. Ҳамсояҳои ин зани рус гуфтанд, баъди он ки ӯ се рӯз аз хона набаромад, ба пулис муроҷиат карданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, пулис ҷасади занро аз хонааш пайдо кард.

Гуфта мешавад, зан бо зарби корд кушта шудааст, аммо мақомот ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқ дар ин бора расман ҷузъиёт намедиҳанд.