Толибон даври навбатии музокироти сулҳ дар Покистонро боздоштанд ва гуфтанд, ки аксари аъзои ҳайати музокиротӣ, ки таҳти таҳрими ИМА ва СММ мебошанд, сафар карда наметавонанд. Изҳороти мазкур рӯзи 17 феврал - як рӯз пеш аз сафари барномарезишудаи гурӯҳ ба Исломобод нашр шуд. Қарор буд ҳайати Толибон дар пойтахти Покистон бо нахуствазир Имрон Хон ва мақомоти амрикоӣ дидору гуфтугӯ мекарданд. Ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ дар даст нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон ба Шӯрои амнияти СММ аз сафари аъзои гурӯҳи Толибон ба Покистон номаи эътирозӣ ирсол кард. Дар номае, ки дастраси бахши покистонии Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ки ташкили музокироти Толибон ва Покистон ба истиқлолияти миллии Афғонистон осеб мерасонад.
Дар нома аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки даъвати ҳайати Толибон аз ҷониби Имрон Хон барои музокирот ба Покистон баробар бо эътирофи расмии ин гурӯҳи мусаллаҳ ва таҳдидкунанда ба амнияту суботи Афғонистон мебошад, дар ҳоле, ки аъзои ин гурӯҳ мувофиқ ба муқаррароти Кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ аз соли 1988 таҳрим шудаанд.
Толибон дар Давҳа, пойтахти Қатар дафтар доранд ва то ин замон ин музокирот дар ҳамин ҷо баргузор мешуд. Вале ба узвияти гурӯҳ ҳадди аққал панҷ собиқ зиндонии Гуантанамо ва дигар афроди марбут ба гурӯҳҳои ҷангӣ шомил мебошанд.