Нишасти Варшава: Фишор ба Эрон афзоиш ёбад

ИМА ва Исроил дар ҷараёни конфронси бахшида ба масоили Ховари Миёна дар Варшава талош доранд болои Эрон фишори бештар оваранд, вале дар Теҳрон ин нишастро як “сирк” унвон кардаанд. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, муовини раиси ҷумҳур Майк Пенс ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст дар рӯзи дуюми ин конфронс 14 феврал суханронӣ кунанд. Дар ин нишасти намояндагони 60 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Зимни суханронӣ дар остонаи шурӯи нишаст, Помпео гуфт, ки “бидуни муқовимат бо Эрон ҷаҳон наметавонад ба сулҳ дар Ховари Миёна даст ёбад”. Нетаняҳу шоми 13 феврал гуфт, ки намояндагони даҳҳо ҳукумат “дар як ҷо истода бо як қудрати бемисл, рӯшан ва муттаҳид зидди як таҳдиди умумии режими Эрон сӯҳбат мекунанд”.

Бо ин вуҷуд, бисёр кишварҳои аврупоӣ ба ин нишаст танҳо кормандони сатҳи поёни ҳукуматҳои худро фиристода, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ аз ин нишаст канорагирӣ кард. Вашингтон ва муттафиқони аврупоиаш дар заминаи аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шудани президент Доналд Трамп ва бозгардони таҳримҳои иқтисодӣ ихтилофи назар доранд. Иттиҳодияи Аврупо хостори ҳифзи ин санад аст ва мехоҳад, ки шарту шурути ҳосилшуда нигоҳ дошта шавад. Дар нишасти Варшава Русия, Чин ва ҳам фаластиниҳо ширкат намекунанд.